casino malaysia
casino malaysia
Таҳқиқ, тарҷумаи осори Абуалӣ ибни Сино  дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон

wrapper

Ба истиқболи
30-солагии Истиқлоли  давлатии 
Ҷумҳурии  Тоҷикистон
 
  Таҳлили осори мутафаккирони тоҷиқи давраи бостон, тарҷума ва нашри ба тозагӣ баанҷомрасидаи Абуалӣ ибни Сино ва ҳаммаслакони ў нишон медиҳад, ки онҳо дар заминаи баёни ақоиди Арасту ва дигар мутафаккирони Эрони бостон, ҳакимони юнониву суриёнӣ фикру ақида ва ѓояҳои асиле дар масъалаҳои мухталифи илмиву фалсафӣ баён намудаанд.
  Ин олимон ва файласуфони тоҷику шарқи мусулмонӣ тавонистанд, ки дар ҷомеаи динсолорӣ (теологиву теократӣ) бо ҷасорати махсус тафаккури илмиву мантиқиро ташвиқу тарѓиб намоянд, назарияву таълимотҳои комилан нави илмиву фалсафиро баррасӣ кунанд ва мақулаҳои диниро ба фоидаи илму фалсафа шарҳу тафсир намоянд, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ ва ифротгароии динӣ барои ҳамасрони мо аз аҳамияти муҳим бархурдоранд. Дар заминаи ни осор метавон дар бораи кашфиёти бузурги олимону файласуфони асрмиёнаи тоҷикон ва умуман мусулмонон (масалан қонунҳои ҳаракат, вақту фазо ё макон, назарияи таҳаввули табиат (эволются), хуршедмаҳварӣ ва ѓ.) сухан гуфт. Таҳқиқ ва тарҷумаи осори илмиву фарҳангии замони гузашта дар марҳалаи ҷаҳонишавӣ аз аҳамияти бузург бархурдор аст.  
  Ҷаҳонишавӣ   ин  як  падидаи муосири сиёсиву фарҳангии ҷаҳонӣ, раванди беқиёси иҷтимоӣ аст, ки  дар  асоси заминаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, хоҷагидорӣ, фарҳангӣ ба вуҷуд омадааст ва он талаботҳо ва ниёзҳои  худро дорад. Тибқи назарияи Тоффлер дунё ҳоло дар ҳоли гузашти инқилоби чоруми технологӣ қарор дорад, ки номи ҷамеа ва тамуддуни он иттилоотӣ аст. Дар ин тамаддун мақоми сармояи инсонӣ ва дониш ба ҳадди зиёд пураҳамият хоҳад шуд. Маҳз  дар  раванди  ҷаҳонишавӣ, дар вазъяти падидаи ҷаҳонии ба ном “бархурди тамаддунҳо” (ибораи С.Хантингтон) нақши  нашри осори фарҳангӣ ва расонавӣ барои нигоҳдошт ва рушди ҳуввияти миллӣ хеле муҳим ва фаъол арзёбӣ мегардад.
  Ба ҷуз аз аҳамияти ин осор барои таҳқими ҳуввияти миллӣ ва дар заминаи он сохтани давлати устувори миллӣ, осори ин мутафаккирон намунаҳои кашфиётҳои бузурги илмиро дарбар мегиранд, ки на фақат барои таърихи илму фалсафа, балки барои рушди маърифату маорифи ҷомеа, рушди тафаккури илмӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии илмии ҷавонон, ки ҳоло бар асари қувват гирифтани бунёдгароии диниву мазҳабӣ дар кишварҳои пасошўравии Шарқ дар ҳоли буҳронӣ ва рукут қарор доранд, чун намунаи қадима, вале намунаи муваффақи рушд барои таҳқими бемайлони ва босуботи кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ дар замони муосир ва оянда кўмак карда метавонад.
Маркази синошиносӣ бо супориши Президенти мамлакат ва қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006 бо пешниҳоди АИ ҶТ дар ҳайати Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва хуқуқи ба номи А.М.Баҳоваддинови АИ ҶТ, бо назардошти хидматҳои барҷастаи фарзанди бузурги халқи тоҷик Абўалӣ ибни Сино дар рушди илму фарҳанги ҷаҳонӣ ташкил карда шуд. Он дар Маркази патенту иттилоотӣ қайди давлатӣ дорад.Дар заминаи тарҷумаи комили осори аслии ў аз забони арабӣ ба тоҷикиву русӣ, нашри осори ҳамфикрону ҳамасрон ва шогирдони Сино ба роҳ монда шудааст.
  Ҳадаф ва вазифаҳои таҳқиқоти Маркази синошиносӣ:  Ҳадаф ва вазифаҳои таҳқиқоти мазкур иборат аст аз тарҷума, табъу нашр ва баррасии осору афкори илмиву фалсафии бузургтарин шахсияти фарҳангӣ ва таърихии асри миёнаи халқҳои тоҷику форс Шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино ва хамасрону хаммаслакони - пайравони мактаби машшоия (мактаби Арасту дар Шарқ), ва давраи «тиллоии тамаддуни тоҷику форси давраи исломӣ» (асрҳои Х-Х11) ва мусоидат ба ҷаҳонбинии илмӣ мебошад.
Аз соли 2006 то 2021  ҳамагӣ 30 ҷилд китоб аз осори Абуалӣ ибни Сино ба табъ расидааст, 7 китоб аз осори дигарон, яъне 2 китоб аз осори Закариёи Розӣ, 1 китоб тарҷумаи осори Арасту ва 2 ҷилд ба Абурайҳон Берунӣ, 2 китоб ба Носири Хусрав тааллуқ доранд. Дар соли 2017 дар маҷмўъ 5 китоб: «Хитоба»-и Арасту ва китоби «ас-Сайдана фит-т-тиб»-и Абурайҳони Берунӣ дар 2 ҷилд ба нашр расиданд. 2 асари Носири Хусрав ба забони русӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Дар соли 2019 -21   3 ҷилд аз «Осор»-и Ибни Сино (ҷилдҳои 7-и Осор-ҳафтуми тоҷикӣ, русӣ ва 8-уми русӣ оид ба физика, осмону ҷаҳон ва ѓ.)  аз китоби «Шифо» ва «Ал-қонун» ба нашр омода шуданд. «Китоби ҳайвон» ва «Китоб-ун-набот»-и Ибни Сино ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ аз нашр баромаданд. Ба таври мушаххас ин кор аз қарори зер аст (ниг.замима):
Осори фалсафиву илмии Абуалӣ ибн Сино, ки аз соли 2006 то 2021 аз тарафи кормандони Маркази синошиносии Иниститути фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ ба забонҳои тоҷикиву русӣ ба нашр расидааст:
 
а забони тоҷикӣ):
 
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 1. Душанбе – «Дониш» 2005. 852 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 2. Душанбе – «Дониш» 2005. 852 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 3. Душанбе – «Дониш» 2007. 528 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 4. Душанбе – «Дониш» 2007. 921 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 5. Душанбе – «Дониш» 2009. 657 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 6. Душанбе – «Дониш» 2013. 959 с.
Абу Али ибн Сина. Осор (Илоҳиёт аз «Китоб-уш-Шифо». Метафизика).  Душанбе «Дониш» 2019 (дар ҳамкорӣ бо Маркази мероси хаттӣ).
 
 
Осори тиббӣ:
 
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 12. Қонуни тиб (кит. 1). Душанбе – «Дониш»2010.768 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 13. Қонуни тиб (кит. 2 қисми 1). Душанбе – «Дониш» 2012. 639 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 13. Қонуни тиб (кит. 2 қисми 2). Душанбе – «Дониш» 2012. 617 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 14. Қонуни тиб (кит. 3 қисми 1). Душанбе – «Дониш» 2013. 1078 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 14. Қонуни тиб (кит. 3 қисми 2). Душанбе – «Дониш» 2016. 637 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 14. Қонуни тиб (кит. 3 қисми 1). Душанбе – «Дониш» 2016. 637 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 15. Қонуни тиб (кит. 2 қисми 1). Душанбе – «Дониш» 2019. 900 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 14. Қонуни тиб (кит. 3 қисми 2). Душанбе – «Дониш» 2020. 757 с.
Абуалӣ ибни Сино. Осор. ҷилди 15. Қонуни тиб (кит. 2 қисми 1). Душанбе – «Дониш» 2018. 855 с.
 
 
Сочинения  Абуалӣ ибни Сино: (на русском языке).
Философские и научные труды: 
 
Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 1. Душанбе – «Дониш» 2005. 959 с.
Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 2. Душанбе – «Дониш» 2005. 841 с.
Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 3. Душанбе – «Дониш» 2006. 682 с.
Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 4. Душанбе – «Дониш» 2008. 1002 с.
Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 5. Душанбе – «Дониш» 2010. 766 с.
Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Том 6. Душанбе – «Дониш» 2016. 867 с.
Абу Али ибн Сина. Сочинения. Том 7 (Диалектика, Софистика, Риторика, Поэтика ба русӣ). (Из «Книги спасения». «Аш-шифа»). (Ҷадал, Суфистоӣ, Хитоба,Шеър). Душанбе. –Дониш, 2019.
Абу Али ибн Сина (авиценна). Сочинения. Силлогизм и Доказательства.Том 6. Душанбе – «Дониш» 2016. 867 с.
Абу Али ибн Сина (Авиценна).  «Китаб-ул-ҳайван» (Книга о животных), Китабу –н-набат» (Книга о растениях) из «Книги спасения») Душанбе-«Дониш».2021. 800 с  
 
 
Медицинские труды:
 
Абу Али ибн Сина (Авиценна). Том. 12. Канон врач. науки. Книга 1. Душанбе – «Дониш» 2010. 735 с.
Абу Али ибн Сина (Авиценна). Том. 13. Канон врачебной науки. Книга 2. Душанбе – «Дониш» 2012. 958 с.
Абу Али ибн Сина (Авиценна). Том. 14. Канон врачебной науки. Книга 3. Часть 1.  Душанбе – «Дониш» 2014. 1000 с.
Авиценна в зеркале искусства. Душанбе – «Дониш» 2013. 119 с.
Абу Али ибн Сина (Авиценна). Том. 14. Канон врачебной науки. Книга 3. Часть 2.  Душанбе – «Дониш», 2019.
 
Осори (Сочинения) Арасту, Абубакри Розӣ, Абурайҳони Берунӣ ва Насири Хусрав:
 
Ба забони тоҷикӣ:
 
Закариёи Розӣ «Тибби Фуқаро». Душанбе – «Дониш»  2016. 150 с.
Закариёи Розӣ «Тибби мансурӣ» . Душанбе. «Дониш». 2016. 400с. (дар ҳамкорӣ бо шўъбаи таърихи фалсафа ва фалсафаи дин).
Абурайҳони Берунӣ. Ас-сайдана фи-т-тиб (Фармакогнезия). Дар ду ҷилд. Нашриёти «Дониш», 2017.  Ҷ. 502, Ҷ. 2 -686.
Арасту. Хитоба ( Аристотель. Риторика). «Душанбе. «Дониш».  2017.
 
На русском языке:
 
Абубакра ар-Рази. «Возражения Галену» - «Аш-шукук-лил-Ҷолинус» . Душанбе-«Дониш» 2016.
Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёни: «Разрешение и спасение» («аРрРКушоиш ва рахоиш»), Душанбе. 2016
Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ «Трапеза братьев» («Хон ул-ихвон»), на русском. Душанбе.  2017.
 
Дар соли 2021 ба нашр пешниҳод шуданд:
 
Абу Али ибн Сина. Осор (Сочинения). Ҷ.7 (Ҷадал, Суфистоӣ, Хитоба,Шеър).
ба забони тоҷикӣ, (Аз «Китобу-ш-Шифо»:  Душанбе «Дониш» 2020.
Абуалӣ ибн Сино. Сочинения. Т.8. (Физика –самои табиӣ, Действия и противодействия –Феълу инфиол), Возникновение и уничтожение -Кавну фасод, из «Книги аш-Шифа». Душанбе, Дониш. 2021. (на тадж.яз).  
Абу Али ибн Сина. Сочинения. Т.8. (Физика, действия и противодействия, Возникновение и уничтожение), на русском яз.
Абу Али ибн Сина (Авиценна). Том. 14. Канон врачебной науки. Книга 3. Часть 2.  Душанбе – «Дониш»,   
 
Сунатулло Ҷонбобоев
номзади илмҳои фалсафа,
Мудири Маркази Синошиносии
ИФСҲи ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ

Матни шарҳи шумо…

Манбаъҳои муфид

      
http://www.zoofirma.ru/
casino malaysia